Content-Length: 123592 | pFad | https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9C%D1%83%D2%B3%D0%B0%D1%80%D1%80%D0%B8%D0%BA

Муҳаррик — Википедия Jump to content

Муҳаррик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳаррик (ар. محرک‎ — таҳриккунанда) — дастгоҳе аст, ки энержиро барои ба кор андохтани васоили нақлия, дастгоҳҳои дигар ё тавлиди барқ, ба кори механикӣ табдил мекунад.

Муҳаррик вобаста ба навъҳои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз ҳаракати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактивӣ гирифта метавонад. Муҳаррики мошинҳои корӣ, воситаҳои нақлиёти хушкигарду обӣ, ҳавоиву кайҳонӣ, дастгоҳҳои истеҳсоливу техноло­гӣ, асбобҳои коммуналиву рӯзгор ва ғайраро ба ҳаракат меоварад.

Муҳаррикҳое, ки захираҳои табиии энергетикӣ (сӯзишворӣ, энергияи бод, об ва ғайра)-ро бевосита ба энергияи ме­ханикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳои аввал номида мешаванд. Гурӯҳи калони муҳаррикҳои аввалро муҳаррикҳои ҳароратӣ ташкил медиҳанд. Муҳаррикҳое, ки энергияи муҳаррикҳои ав­валро ба кори механикӣ табдил меди­ҳанд, муҳаррикҳои сонӣ ном доранд (масалан, муҳаррикҳои электрии пневматӣ, баъ­зе навъҳои муҳаррикҳои гидравликӣ ва ғайра) муҳаррикҳо вобаста ба таъйиноташон статсионарӣ, сайёр, нақлиётӣ мешаванд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]








ApplySandwichStrip

pFad - (p)hone/(F)rame/(a)nonymizer/(d)eclutterfier!      Saves Data!


--- a PPN by Garber Painting Akron. With Image Size Reduction included!

Fetched URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9C%D1%83%D2%B3%D0%B0%D1%80%D1%80%D0%B8%D0%BA

Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy