Content-Length: 131498 | pFad | https://tg.wikipedia.org/wiki/%D2%B2%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD_%D0%91%D0%B0%D0%BD%D0%BD%D0%BE

Ҳасан Банно — Википедия Jump to content

Ҳасан Банно

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳасан Банно
ар. حسن البنا
Таърихи таваллуд: 14 октябр 1906(1906-10-14)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 12 феврал 1949(1949-02-12)[1][2] (42 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Таҳсилот:
Эътиқод: ислом
Ҳизб:
Навъи фаъолият: воиз, нависанда, омӯзгор, сиёсатмадор
Падар: Ahmad al-Banna[d]
Фарзандон: Ahmed Seif al-Islam[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳасан Банно (ар. حسن البنا‎; 14 октябри 1906, Маҳмудия, Буҳайро, Миср12 феврали 1949, Қоҳира) — исломшинос, муассиси Ҷамъияти «Ихвону-л-муслимин».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадрасаи «Дору-л-улум»-и Қоҳира таҳсил кардааст. Аввал ба таълиму тарбия машғул буда, баъдан, дар шаҳри Исмоилия, иқомат карда, ба таъсиси Ҷамъияти «Ихвону-л-муслимин» пардохт. Хонаи ӯ аввалин ҷойи ҷамъшавии аъзои ҷамъият (ихвон) буд. Ҳасан Банно лақаби «Муршиди Ом»-ро касб карда, бо пайравонаш дар шаҳру деҳоти гуногуни Миср ба тарғибу ташвиқи ақидаҳояш машғул гардид. Хидмати Ҳасан Банно дар он зоҳир мегашт, ки барои ҷамъияти ташкилкардааш дар ҳар шаҳре қароргоҳе таъсис медод, ки ҷойи ҷамъшавӣ ва фаъолияти аъзо мешуд. Ҳасан Банно муддате дар Донишкадаи духтаронаи шаҳри Исмоилия кор кард ва пас аз он ба Қоҳира барои мударрисӣ даъват шуд. Дар Қоҳира ҷамъияти мазкур газетаеро нашр намуданд. Ҳангоми сар задани низои фаластиниён бо яҳудиён «Ихвону-л-муслимин» як гурӯҳ ихтиёриёнро ба ҷанг сафарбар намуд. Ҷамъияти мазкур тадриҷан ба корҳои сиёсии мамлакат дахолат мекардагӣ шуд ва аз ин рӯ, ҳукумати Миср фаъолияти ҷамъиятро манъ кард. Баъди оғоз ёфтани амалиёти террористии аъзои «Ихвону-л-муслимин», таъқиби онҳо сар шуд. Аксари сарварони ин ҷамъият ба Сурия паноҳ бурданд. Ҳасан Банно бо дасти шахсони номаълум ба қатл расид. Ёддоштҳои ӯ баъди вафоташ бо унвони «Ёддоштҳои даъват ва диоят» нашр гардид.

  1. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)










ApplySandwichStrip

pFad - (p)hone/(F)rame/(a)nonymizer/(d)eclutterfier!      Saves Data!


--- a PPN by Garber Painting Akron. With Image Size Reduction included!

Fetched URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/%D2%B2%D0%B0%D1%81%D0%B0%D0%BD_%D0%91%D0%B0%D0%BD%D0%BD%D0%BE

Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy