Content-Length: 131977 | pFad | https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9D%D0%B8%D0%BE%D0%B1%D0%B8%D0%B9

Ниобий — Википедия Jump to content

Ниобий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ниобий - металли камёб, сафеди хокистарранг, душворгудоз , устувор, вазнин (8,57 г/см3) буда, дар ҳарорати 2468°С гудохта шуда, дар ҳарорати 4742°С меҷӯшад. Металл номашро аз номи духтари асотирии тантала, ҳамсари шоҳи шаҳри қадимаи фивани Беотияи Юнон Амфион Ниоба гирифтааст. Ниобий дар мамолики тараққикарда ба шакли ферониобий, барои истеҳсоли хўлаҳои аз ҳад устувори молидании қубураҳои калонандозаи газу нафтгузаронанда, сохтмон, киштиҳо, автомобил, роҳҳои оҳан ва конструксияҳои махсус – қисмҳои мушакҳо ва двигателҳои реактивҳо истифода мешавад. Хўлаҳои ба гармии зиёд тобовари он барои пўшонидани элементҳои гармиҷудокунанда (ТВЭЛ) ва реакторҳои ядроӣ маснуоти асосӣ буда, 85-90%-ро ташкил медиҳанд. Қисми дигари ниобий ба шакли пентоксид барои суперхўлаҳо, маводи ноқили баръало, аппаратураҳои кимиёвӣ, оптикӣ ва ашёи электронӣ 10-15%-ро дар бар мегирад. Илова намудани хўлаи ниобий пўлодро доро, устувор, часпакии онро зиёд мекунад. Бойгарии ашёи ниобий 179 млн.т.-ро ташкил намуда, 45% ба Русия. 52% ба Бразилия ва дигар мамолик (Арабистони Саудӣ, Канада, Австралия) тақсим мешавад.

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Ниобий дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.








ApplySandwichStrip

pFad - (p)hone/(F)rame/(a)nonymizer/(d)eclutterfier!      Saves Data!


--- a PPN by Garber Painting Akron. With Image Size Reduction included!

Fetched URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9D%D0%B8%D0%BE%D0%B1%D0%B8%D0%B9

Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy