Jump to content

Гаравгон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гаравгоншахсе, ки бо зӯр дастгир шудааст ё ба бадали пулу мол ё гузаштҳои сиёсӣ аз тарафи як нафар ё гурӯҳи одамон дар замони осуда нигоҳ дошта мешавад.

Барои ғасби гаравгон ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон бо таҳдиди куштан ё расонидани зарар ба саломатии ӯ, ё минбаъд нигоҳ доштани ҳамин шахс бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсон ба иҷро ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст. Ҳамин ҳаракат агар такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ё саломатии инсон хавфнок, яроқ ё ашёи ба сифати яроқ истифодашаванда, нисбат ба шахси ноболиғ, зане, ки гунаҳкор ҳомила буданашро медонад, шахсе, ки гунаҳгор аз қарор доштани ӯ дар вазъияти оҷизона огоҳ бошад, бо нияти ғаразнок ё кирояи зархаридон, нисбат ба ду ва ё зиёда шахс анҷом дода шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ҷазо дода мешавад. Агар гаравгон гирифтан аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ҷазо дода мешавад. Шахсе, ки бо ихтиёри худ ё талаби мақомоти ҳокимият гаравгон-ро озод мекунад, агар дар ҳаракати ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 181).

Гаравгон гирифтан ва одамрабоӣ, ки боиси маҳрумият, мушкилот, азобу кулфат, хавф ба ҳаёт ва тандурустии шахси ба гаравгон гирифташуда мегардад, аз ҷониби мақомоти босалоҳияти байналмилалӣ поймолсозии дағалонаи ҳуқуқи инсон дониста шудааст. гаравгон гирифтан як қатор принсипҳои аз тарафи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (1948) муайяншуда, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсият, озодӣ аз азобу шиканҷа, озодии рафту омад ва ҳимоя аз боздошти ғайриқонуниро халалдор мекунад. гаравгон гирифтан тибқи Конвенсияи байналмилалии зидди гаравгонгирӣ (1979) мамнӯъ аст. Моддаи 3 қ. 1 «b» ҳамаи Муоҳидаҳои Женева аз 12 августи 1949 ҳамеша ва дар ҳама ҷой ин кирдорро нисбат ба ашхоси пуштибонишаванда манъ мекунад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Буше-Сольнье Ф. Практический словарь гуманитарного права. / Перевод с французского Е.Кирпичниковой. М., 2004.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy