Jump to content

Таврот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тумори Таврот ки ба манзури ташрифоти мазҳабӣ дар як каниса кушода шудааст.

Таврот, Турот (ба ибрӣ: תּוֹרָה) номе аст ибрӣ, ки ба бураҳмияттарин навиштори яҳуд дода шуда ва ба бовар онон ба висилаи Яҳва (Худованд) ба Мусо ваҳй шудааст. «Таврот» аввалин бахш аз китоби "Танах" буда ва муштамал бар панҷ китоб мебошад. Ба ҳамин хотир, гоҳ "Исфори панҷгона" ва "Китоби панҷгонаи Мусо" низ хонда мешавад.

Ин панҷ китоб, ба ин номҳо маъруфанд:

  • Барсият בראשית (Пайдоиш)
  • Шамун שמות (Хуруҷ)
  • Вииқро ויקרא (Ловиён)
  • Бамадибор במדבר (Ададҳо)
  • Дуорим דברים (Тасния)

Яҳудиён ва ҳамчунин масеҳиён ва самариҳо дар тули давронҳо, бисёр ба «Таврот» ҳурмат ниҳодаанд. "Китоби муқаддас"-и масеҳиён, китоби яҳудро бо ихтилофоти чанд бо номи "Аҳди Атиқ" дар худ дорад.

«Таврот»-и муқаддаси қадимтарин садаҳои VII-VI пеш аз милод бо забони қадимаи яҳудиён ва қисман оромӣ таълиф шудааст. Садаи III пеш аз милод «Таврот»-и муқаддаси қадимтарин бо мадади Птоломей II (Миср) ба забони юнонӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи юнонӣ «Таврот»-ро «септуагинта» меномиданд. Яъне, маънояш ҳафтод мебошад. Зеро бар болои тарҷумаи «Таврот»-и қадимтарин 72 нафар тарҷумонҳо иштирок намуданд. «Таврот»-и навтарини муқаддас садаҳои I-II-и милодӣ ба забони юнонӣ таълиф шудааст. Дар таҷрибаи нашрияҳои чопии ҷаҳонӣ «Таврот»-и муқаддас нуфузи калон дорад. Фақат соли 1981 нусхаҳои мукаммал ва китобҳои алоҳидаи вай 202 маротиба ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ,олмонӣ ва ғайра интишор шудаанд. Соли 1945 зумрае аз бошандагони Луксора (ҷанубии Миср) замин меканданд. Онҳо ба чизи зери замин дакка хўрданд. Эҳтиёт шуданд. Заминро ҳалқавор кофтанд. Кўза намудор шуд. Онро бо эҳтиёт бароварданд. Дохили кўза даста-даста дастнависҳо хобида буданд. Таҳқиқотчиён қисме аз ин даснависҳоро ба садаҳои IV-III-и пеш аз милод мансуб шуморид.


pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy