Jump to content

Тонк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфиқор, тонки сохти Эрон

Тонк (форсӣ: تانک‎ аз англ. tank) — худрави зиреҳпӯши занҷирдору мусаллаҳ ба тӯпу тирбор ва дигар ҷангафзорҳост, ки барои анҷоми амалиёти мутаҳҳарик дар разми офандӣ, падофандӣ ва амалиёти ҳаракот ба ақиб аз он истифода мешавад[1].

Тонк дорои як тупи аслӣ бо калибри бузург аст, ки маъмулан дар як бурҷаки гардон насб мешавад. Ҳамчунин тонкҳо мумкин аст дорои силоҳҳои дигаре аз ҷумла тирбор бошанд. Зиреҳи тонк аз он дар баробари тайфи васеъе аз гулӯлаҳои душман муҳофизат карда ва занҷирҳои муттаҳарик имкони ҳаракати тонк дар заминҳои мухталифро фароҳам месозанд, ки ин қобилиятҳо тонкро ба як силоҳи бисёр муҳим ва сарнавиштсоз табдил мекунад.

Тонк дар ҷанги ҷаҳонии аввал ба таври ҳамзамон ва ҷудогона дар Фаронса ва Бритониё ихтироъ шуд то сукуни мавҷуд дар ҷанги хокрезиро бишканад ва ба мурури тонкҳо ба яке аз аҷзои калидии артишҳои дунё табдил шуданд. Имрӯза бо афзоиши аҳамияти ҷангҳои номутақорин, поёни ҷанги сард ва афзоиши таваҷҷуҳ ба силоҳҳои арзонқимати тонкзани русӣ аҳамияти тонкҳо камтар шудаанд. Ба ҳамин далел тонкҳо ба нудрат ба таври инфиродӣ вориди амалиёт шуда ва маъмулан дар воҳидҳои зиреҳӣ бо ҳимояти пиёдагон ва гоҳе худравҳои ҷангии пиёдагон созмондеҳӣ мешаванд ва гоҳе ҳам аз ҳимояти ҳавопаймо ва болгардҳои шиносоӣ ва ҷангӣ низ баҳра мебаранд.

Ду навъи тонк вуҷуд дорад: Тонкҳои ҷангии бисёр сангин ва тонкҳои шиносоии сареъ ва кучак, ки барои дидбонӣ ва гаштзанӣ ба кор мераванд.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy