Jump to content

Асп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асп
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Equus ferus caballus (Linnaeus, 1758)

Асп ё асб, борагӣ, фарас (лот. Equus ferus caballus) — ҳайвони тоқсуми маъмул.

Тавсифот бо забони ангилисий

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба он лаҷом мезананд. Вобаста ба сохт ва тағироти дандонҳои пеш синну соли аспҳоро муайян кардан мумкин. Дили аспҳо 4-4,5 (дар баъзе аспҳои корӣ 6-6,5) ва шушашон 5-5,5 (ғунҷоишаш қариб 30 л) кг мешавад. Ҳарорати мӯътадили баданаш 38°С. Асп 35-50 л хун (ҳангоми 500 кг будани вазни бадан) дорад. Меъдааш сода (ғунҷоишаш қариб 20 л) аст; талхадон надорад. Аспҳои кори соле то 6-8 т пору медиҳанд. Пору ва пешоби асп, нитроген, калий ва кислотаи фосфати бисёр дорад.

Мӯйи асп ҷилонок, кӯтоҳ ва тахт аст. Вобаста ба ранг аспҳоро «тӯруқ», «ҷиран», «ашҳабӣ», «сиёҳмушкин» ва ғайра меноманд. Асп баҳор ва тирамоҳ тулак намуда, ба сармо (то 60°С) ва гармо (то 50°С) хуб тоб меорад, ба иқлими нав зуд одат мекунад. Ғадудҳои арақбарори асп ниҳоят бисёр буда, ҳангоми кор то 85-100 г хлориди натрий ихроҷ мекунад. Ин миқдор намак бошад, дар хӯроки муқаррарии асп нест. Бинобар ин ба хӯроки аспҳое, ки корҳои вазнинро иҷро мекунад, рӯзе 25-40 г намак илова бояд намуд. Узвҳои шунавоӣ ва шоммаи аспи нағз инкишоф ёфтаанд. Чашмаш тез аст, то 360° мебинад, ранг, андоза ва шакли чизҳоро фарқ мекунад. Асп зуд дастомӯз мешавад.

Асп дар 1-1,5 солагӣ болиғ гардида, дар 6-7 солагӣ пурра инкишоф меёбад. Давраи ҳамлаш 11 моҳ як бача мезояд. Тойчаҳоро махсус нигоҳубин кардан лозим. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҷо ба тарзи нигоҳубини модинаҳо вобаста аст. Модинаҳо рӯзе 20-25 кг шир медиҳад. Аз шири модинаҳо қимиз тайёр мекунанд. Тойча одатан баъди 30-40 дақиқаи таваллуд модарашро мемакад. Барон тойчаҳо хусусан фалла аҳамияти калон дошта, баъзе касалиҳоро пешгирӣ ва меъдаро тоза мекунад. Модиён ва тойчаро баъди як ҳафта аз аспхона cap додан лозим. Тойчаҳо одатан 6-7 моҳ шир мемаканд. Бинобар ин ҳангоми кор фармудани модиҳо тойчаро хамеша ҳамроҳи он бояд нигоҳ дошт. Асп то 30-35 (баъзан 67) сол умр мебинад ва онро дар хоҷагӣ аз 3 то 14-15 (баъзан то 18-20)-солагӣ истифода бурдан мумкин.

Корбурд дар хоҷагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замине, ки гаштани трактор имконнопазир аст, инчунин барои кашондани алаф, хошок, пахта, шир ва ғайра метавон аз асп истифода бурд.

Дар баъзе мамлакатҳо асп барои хидмати полис, артиши миллӣ (ҳифзи сарҳад), хоҷагии ҷангал, мамнӯъгоҳҳо, иктишофоти геологӣ, бостоншиносӣ ва ғайра кор фармуда мешавад. Модиёнҳоро 2 моҳ қабл аз зоидан ва 15 рӯз баъди он, инчунин аспҳои касалро кор фармудан мамнӯъ аст.

Дар як шаборӯз ба аспи корӣ дар шароити Тоҷикистон 8 кг беда, 4 кг коҳ, 5 кг ҷав, 1 кг сабӯси гандум ва 2 кг хӯроки сершира бояд дод. Ба асп ҳамчунин хошок, сабзӣ, лаблабу, картошка, тарбузи хӯрокӣ, кадуи хӯрокӣ, тарбеда, силос, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка, хӯрокиҳои омехта ва ғайра медиҳанд. Ҳангоми дар таркиби хӯрок нарасидани модда­ҳои минералӣ ба асп бӯр, орди устухон, мононатрийфосфат ё претсипитат додан лозим аст. Ба асп рӯзе 3 маротиба хӯрок дода мешавад. Пеш аз хӯрок об медиҳанд, ки он ҳазми ғизоро беҳ мегардонад.

Дар устураҳои исломӣ оид ба мухолифати аспу инсон ривояте маъруф аст. Мувофиқи он нахустаспҳо бол дош­таанд ва вақте ки Офаридгор қолаби Одамро аз гил месозад, Иб­лис ба дили асп даромада, ӯро талқин мекунад, ки алайҳи бандаи хокӣ дар пархош бошад, зеро ба вай агар ҷон дароранд, аспро зин зада савор мешавад ва пару болашро мешиканад. асп тибқи нишондоди Иблис амал намуда, қолаби Одамро лагад зада мешиканад, вале бо хости Худо ба ҳоли аввал гардонида мешавад. Ниҳоят асп хатои худро фаҳмида, дастомӯзи инсон ва як воситаи зин­дагии ӯ мегардад.

Сарнавишти Аноҳито — эзади об низ бо асп марбут аст. Барои Аноҳито — таъкид шудааст дар Авесто, — Аҳура Маздо гардунае сохт, ки чаҳор асп дошт ва ба манзили боду борон ва обу тагарг бо он мерафт. Аз фаргарди дуюми Вандидод маълум мешавад, ки саргузашти Ҷамшед низ бо асп сахт марбут мебошад.

Қисмати бештари устураҳои авестоӣ дар иртибот бо асп ба сарзамини Турон алоқаманданд. Турониён тибқи тасвири ҳамосӣ мардумони бодиянишин, саворони чобуку тундрав ва душмани Эрон хонда шудаанд. Дар байни онҳо машҳуртар Франграсӣана (Афросиёби «Шоҳнома») мебошад. Тибқи маъ­лумоти Умари Хайём дар «Наврӯз­нома» Афросиёб гуфта:

«Асп мар-мулукро чунон аст, ки осмон мармоҳро»

— «Наврӯз­нома»-и Умари Хайём

. Дар ҳа­мин асар оид ба аспҳои гуногун, зоту сифатҳо ва хусусиятҳояшон маълумот дода шудааст. Ному корномаи аксар ашхоси асотирии эронитабори Авесто ба тавассути асп шуҳратёр мегарданд. Масалан, Заҳҳокро (Ажи Даҳака) Беварасп — дорандаи даҳ ҳазор асп низ хондаанд. Тибқи анъанаи устурасозӣ Фаридун (Тра­этаона, Фретон) дар Авесто ба асп дилбастагииқавӣ дорад.

«Офаридунро пурсидаанд, ки эй малик, чаро бар асп нанишинӣ?» Гуфт: «Тарсам, ки Яздонро шукр ба воҷибе натавонам гузорд»

— «Наврӯз­нома»-и Умари Хайём

.

Калимаи «асп» як ҷузъи номи ашхоси қадими асотирӣ ва ривоятӣ — Гуштосп, Таҳмосп, Арҷосп, Гаршосп, Луҳросп, Озаргушасп, Ҷомосп ва дигарон мебошад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз галабонӣ (асппарварӣ) дар байни эрониён ва турониён, наслгирӣ аз аспҳои хушзоти паҳлавонону подшоҳон, масалан, аз Рахш (аспи Рустам), Шабранг (аспи Сиёвуш), Шабдиз (аспи Хусрави Парвиз) ва ғайра сухан меравад. Дар «Зардуштнома» омадааст, ки Зардушт пайғамбар будани худ­ро пас аз муолиҷаи аспи шоҳ Гуштосп собит кард. Аспи шоҳ Гуштосп аз пой монда буд. Зардушт онро муолиҷа кард ва Гуштосп ба ӯ эътиқод овард.

Сарнасли асп эогиппус мебошад, ки тақрибан 70 млн сол қабл умр ба сар бурдааст. Ҷуссаи эогиппус баробари рӯбоҳ буда, пои пешаш 4 ва пои қафояш 3 ангушт дошт. Аспро 10 ҳазор сол муқаддам дар даштҳои моварои Осиёи Марказӣ, Дон, Днепр ва Сибири Ҷанубӣ ром кардаанд. Алҳол аз аспҳои ёбоӣ фақат аспи Пржевалский боқӣ мондааст, ки дар даштҳои Муғулистон дучор меояд.

Асппарварии мардуми тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад.

Ниёгони мо оид ба асп, нигоҳубин ва бемориҳои он чандин «Фараснома» таълиф намудаанд. Дар китоби «Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» омадааст, ки «…Асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад». Яке аз бобҳои китоби мазкур дар бораи муолиҷаи иллати аспон аст. Чунончи, муаллиф қайд мекунад, ки «…Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамақ гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад, илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф дорад, дигарон рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонад, то он об ба як ман боз ояд, пас биполояд, дар даҳани сутур резад, некӯ шавад».

Зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муайян кардани зот ва пайдоиши аспҳои Шарқи Қадим бинобар вуҷуд надоштани навиштаҷоти марбута душвор аст. Дар бораи аспҳое, ки дар сарзамини кунунии Осиёи Мар­казӣ (аз ҷумла дар Тоҷикистон) парварда мешуданд, фақат дар асоси омӯзиши қайдҳои сайёҳон, муаррихон, ҷуғрофидонҳо, бостоншиносон, лашкаркашон ва ғайра маълумот гирифтан мумкин аст. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар Хуталон (Хатлон) садаи 4 то м. Аспҳои хушзоти зебо парвариш меёфтанд. Шуҳрати аспҳои Хуталон дар солномаҳои садаҳои 9-12-и арабу эрониҳо, ҳамчунин асарҳои Истахрӣ, Муродӣ, Низомӣ, Азрақӣ, Закариёи Қазвинӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон низ қайд шудаанд. Пайдоиши аспҳои хатлӣ қис­саву ривояти бисёр дорад. Масалан, дар солномаи хитойӣ («Таншу» ва «Сайшу») омада, ки аспи хуталонӣ аз аспи «осмонӣ», ки дар яке аз қулла (ё ғор)-ҳои куҳи Тахористон (ки ба Хатлон ҳамсарҳад ва баъзан яке буд) зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд омадааст. Модиёнҳои зоти таҳҷоӣ, ки дар атрофи куҳ мечаридаанд, гӯё бо аспи «осмо­нӣ» ҷуфт шуда, аз он насл ба бор овардаанд.

Ба аспҳои Тахористон нисбат додани пайдоиши аспҳои Хуталон бесабаб нест. Аспҳои Тахористон хеле машҳур буданд. Дар Тахористон аспҳои резаҷусса, вале ни­ҳоят пурбардошти куҳипарвард, ки масофаи зиёдро паймуда метавонистанд, инчунин зоти аспҳое, ки фақат барои таҳдаштҳо мувофиқ буданд, парварда мешуданд. Баъзе ровиён аспҳои Та­хористонро сарнасли ҳамаи аспҳо медонанд. Мувофиқи ривоёти дигар аспҳои хатлӣ аз аспҳои обӣ падид омадаанд. Ҷуғрофидони арабинависи эронитабор Ибни Хурдодбеҳ қайд мекунад, ки дар Хуталон ҳавзе бо номи Нозкӯл мавҷуд аст. Нозкӯл аспҳои обӣ дорад, ки бо аспҳои подшоҳ (ба кӯл обнӯшӣ меомаданд) даромехта, аспи хатлиро ба вуҷуд овардаанд. Аспҳои Хатлон дар ин асру замон низ мақбул ва марғуби хоссу ом аст". Мадҳу санои аспҳои Хатлонро дар эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ низ дучор меоем:

Сикандар бар он хинги хатлӣ нишаст,
Ки чун бод бархост, чун барқ ҷаст.

Шоири дигаре гуфтааст:

На кас бар чунин хинги хатлӣ нишаст,
На мурғе чунин ояд осон ба даст.

Парвариши асп

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Асппарварӣ
Аспҳо дар чарогоҳ

Аспро дар аспхона (ахтахона, саисхона) ва чарогоҳҳо парвариш мекунанд. Барои аспҳои зотӣ дар аспхона хоначаҳои алоҳида месозанд. Дар хоначаҳо барои нарёнҳои наслдеҳи зотӣ 16-20 м2,модиёнҳои наслдеҳи зотӣ 18 м2 ва тойчаҳои тренингӣ то 16 м2 масоҳат ҷудо бояд кард. Нарёнҳои наслдеҳро тобистон ва зимистон 3-4 соат ба сайру гашт баровардан лозим аст. Барои аспҳои саворӣ ва резачорпо рӯзе 7-15 км гардиш кардан муфид мебошад. Ҳангоми нигоҳубин ва муомилаи нодуруст асп одати бад (масалан, газидан, лагад задан ва ғайра) пайдо мекунад, гирифтори хала, нохуна, сумдард (бештар аз нодуруст наъл кардан), исҳол, зуком ва дигар бемориҳо мешавад. Аспро дар аспрез ва ҷойҳои махсус мавриди озмоиши зотӣ қарор медиҳанд. Асп дар варзиш низ истифода мегардад. Дурагаҳои аз ҷуфтии асп бо хар, аспи Пржевалский ва гӯрхар рӯёнда, маъмулан, бенасл мешаванд. Дар ҷаҳон тақрибан 280 зоти асп мавҷуд аст (2010).

Асппарвариӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз қадимулайём дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон вуҷуд доштани асппарвариро табиатшиноси маҷорӣ асп Борнс (1848), олимони рус Н. Бахметев (1870), асп Вилкинс (1875), асп Ф. Миддендорф (1882) В. Базилевский (1907), Д. Н. Логофет (1911), О. Ф. Витт (1952) ва дигарон низ қайд кардаанд. Базилевский аспҳои Осиёи Марказиро ба туркманӣ, қирғизӣ ва қаробоҳирӣ ҷудо мекунад. Ӯ аспҳои Истаравшанро аз ҷум­лаи аспҳои қаробоҳирии беҳтарин ном бурдааст. Асппарварӣ дар байни суғдиён низ равнақ дошт. Бино ба ақидаи акад. асп Ф. Миддендорф Искандари Мақдунӣ аспҳои сарзамини суғдиёнро истифода бурда, лашкари савораи бузург ташкил карда буд. Дар ҳудуди имрӯзаи ВМКБ асосан аспҳои бадахширо парвариш мекарданд. Онҳо барои кор дар шароити куҳсор хеле мувофиқ буданд. Сифати аспҳои бадахширо сайёҳ ва нависандаи итолиёӣ Марко Поло (а. 12) дар китобаш қайд кардааст. Д.Логофет аспҳои хонии Бухороро ба 5 навъ ҷудо мекунад:

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Асп дорад
  • Мамин Н. О. Происхождение и формирование конских пород Сред­ней Азии и Таджикистана // Тезисы докл. ТСХИ. Душанбе, 1979;
  • Мамин Н. О. Современное состояние группы таджикских лошадей // Труды ТСХИ. Ҷ. 44. Душанбе, 1983;
  • Свечин К. Б. (ва дигарон) Коневодство. Москва, 1984
  • Мамин Н. О., Шоев С. Х. Рабочие качества Таджикской группы. Повышение продуктивности животноводства в Таджикистане // Труды ТСХИ. Душанбе, 1985;
  • Камбегов Б. Д. (ва дигарон) Лошади России: полная энциклопедия. Москва, 2002.
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy