Jump to content

Ислом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Масҷиди Иерусалим

Ислом ё дини ислом (арабӣ: الإسلام), дини мусулмонӣ — яке аз динҳои иброҳимии ҷаҳонӣ аст. Маънои калимаи «ислом» - «таслим шудан» «қабул доштан» (яъне қонунҳои Аллоҳро) мебошад. Дар забони арабӣ калимаи ислом — сифати феълист, ки аз феъли سلم гирифта шуда, маънояш эмин гирифтан, дар паноҳ гирифтан, озод шудан мебошад. Худои дини Исломро Аллоҳ меноманд ва маънояш ба забони арабӣ Худо аст. Китоби муқаддаси ин дин Қуръон аст. Мусулмонон суннат ва ҳадисҳои паёмбарро низ муқаддас медонанд. Ҳамчун дуи дигар дин — масеҳӣ ва яҳудӣ яке аз асосгузорони аввалини Ислом низ ҳазрати Иброҳим(а)-анд. Дар ҳар сеи ин динҳо Иброҳим(а) — яке аз паёмбарони аввалинанд. Имруз дини Ислом дини дуюми калони дунё ҳисоб мешавад ва шумораи пайравонаш зиёда аз 2 миллиард мебошанд. Дар 130 мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шудааст, ки 28-тои онҳо дини Исломро ба дини давлатӣ табдил додаанд.

بسم الله الرحمن الرحيم Ислом (арабӣ الإسلام – Ислом ба худованд итоат кардан), яке аз динҳои якхудои дар рӯи ҷаҳон буда, дар асри VII мелодӣ дар Ҳиҷоз (дар ғарби нимҷазираи Арабистон) пайдо шудааст. Ислом Муҳаммад (с)-ро охирин фиристодаи Худо (Аллоҳ) меҳисобад. Одамони пайрави ин дин мусулмон ном доранд (аз калимаи арабӣ: مسلمون, муслим, «мутеъ»). Онҳо фақат ба Худои ягона бовар мекунанд.

Китобҳои муқаддас

[вироиш | вироиши манбаъ]

Китоби асосии дини мубини Ислом Қуръон мебошад, вале китобҳои дигар пайғамбаронро низ эътироф мекунад, ки ин китобҳои Тавроти Мӯсо (алайҳисалом), Забури Довуд (алайҳисалом) ва Инҷили Исо (алайҳисалом) мебошанд. Барои он ки пайравони дини яҳудӣ ва масеҳӣ аҳли китоб мебошанд.

Боз нигаред Навиштаҷоти муқаддаси ислом

Аркони Ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]
Масҷидулҳаром
Тавофӣи ҳоҷиён дар Каъба соли 2016

Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад (саллалоҳи алайҳи ва саллам) панҷ чиз аркони Ислом мебошад:

Имон, ё ин ки боварӣ:

Низоми танзимкунандаи руҳиву ахлоқии Ислом шариат мебошад, ки он дар асоси Қуръон, Суннат (маҷмӯи Ҳадисҳои аз тарафи умум пазируфта шуда ва (Иджма) тартиб дода шудааст. Ба сифати ёридиҳанда Қиёс ва итиод (ақидаи шахсии мусулмони бомаърифат) мебошанд. Дар шариат рафтору кирдори одамон ба се қисм тақсим мешаванд: Ҳаром (он чизе,ки маън карда шудааст), Ҳалол (иҷозатдодашуда) ва фард (ҳатмӣ).

Равияҳои гуногуни ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дини Ислом дорои 73 равияҳо мебошад:

Кишварҳое, ки дар он ҷо дини ислом расм шудааст

[вироиш | вироиши манбаъ]
Кишварҳое, ки дар он ҷо зиёда аз 10 % -и аҳолиаш мусулмон. Бо ранги кабут шиаҳо ва ранги сабз сунниҳо нишон дода шудаанд

Ниг. Созмони Ҳамкории Исломӣ

Танҳо 18 % мусулмонҳо дар мамлакатҳои араб зиндагӣ мекунанд. Қариб ки ними мусулмонон дар Африқои Шимолӣ зиндагӣ мекунанд, қариб 30 % дар Покистон ва Банглодеш мебошанд, боз миқдори зиёди мусулмонҳо дар Индонезия зиндагонӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин миқдори намоёни мусулмонҳо дар ИМА, Хитой, Аврупо, Русия, Ҳиндустон ва Амрикои Ҷанубӣ ҳастанд.

Дини Ислом дар нимҷазираи Арабистон дар иқлими Ҳиҷоз (асри VII) ба вуҷуд омадааст. Дар таърих замони пеш аз пайдоиши исломро давраи ҷоҳилият меноманд ва дар ин давра Макка ва Мадина шаҳрҳои калонтарин ва марказҳои шаҳрӣ ва фарҳангии Ҳиҷоз буданд.

Боз нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷомеаи мусулмонон имрӯз

[вироиш | вироиши манбаъ]
pFad - Phonifier reborn

Pfad - The Proxy pFad of © 2024 Garber Painting. All rights reserved.

Note: This service is not intended for secure transactions such as banking, social media, email, or purchasing. Use at your own risk. We assume no liability whatsoever for broken pages.


Alternative Proxies:

Alternative Proxy

pFad Proxy

pFad v3 Proxy

pFad v4 Proxy